Ҳукумати Тоҷикистон минбаъд нархи ангиштро ҳам назорат хоҳад кард. Дар ин бора хабаргузории "Азия-Плюс" бо такя ба Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон хабар додааст.
Ба қавли манбаъ, ба номгӯи молу маҳсулоти аз лиҳози иҷтимои зарурӣ, ки нархи онҳо бояд аз ҷониби ҳукумат танзим шаванд, ангишт ҳам илова шуд.
Бар асоси ин тартиб, "агар дар давоми як моҳ нархҳо беасос ба андозаи 20 дарсад ва зиёда аз он боло бурда шаванд, Хадамоти зиддиинҳисорӣ сатҳи болоии арзиши молу маҳсулотро, ки дар рӯйхат зикр шудааст, ба давраи мушаххас (2-3 моҳ) муайян мекунад. Вале агар маълум шавад, ки чунин нархгузорӣ комилан асоснок аст, Хадамот ба он дахолат намекунад".
Ба рӯйхати маҳсулотҳое, ки нархашон дар ҳолати зарурӣ аз сӯи ҳукумат танзим мешавад, дар умум 16 номгӯйи мол, аз ҷумла орд, нон, сабзавот, равған, маҳсулоти ширӣ, гӯшт ва ғайра ворид шудааст.
Вале бо вуҷуди онки нархи чанде аз ин маҳсулотҳо дар гузашта якбора боло рафта буд, ҳукумат барои онҳо нархи ягона таъйин накард.
Танҳо дар бозорҳои давлатии Тоҷикистон барои баъзе маҳсулотҳо, аз ҷумла, гӯшт нарх таъйин шудааст, вале ба гуфтаи сокинон, ё риоя намешавад ва ё бо нархи расмӣ танҳо маҳсулоти камсифатро мефурӯшанд.