"Наход ин қадар сол ягон кас кори инҳоро надид?"

Акс аз вебсайти Оҷонси мубориза бо коррупсия

Ҷузъиёти парвандаи Исматулло Абдуллозода, раиси боздоштшудаи Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе ва чанд зердасти собиқаш вокунишҳои зиёдро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овард. Масъулони Оҷонси мубориза бо коррупсия рӯзи 8-уми август гуфтанд, ки ин афрод ба тасарруфи 1 миллиарду 245 миллион сомонӣ, муодили беш аз сад миллион доллар, муттаҳам ҳастанд.

"Як миллиард сомониро як нафар дуздида наметавонад. Бе пуштибон намешавад!" – навиштааст корбаре бо номи мустаори Танбалбек.

Ҷавҳар Бобоев дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук аз он гила кардааст, ки "мардум наметавонанд ҳазор сомонӣ ёфта зиндагиашонро пеш баранд. Як миллиард сомонӣ ин афсона аст. Баъд ҳама фикр мекунанд, ки чаро иқтисоди давлат поин аст."

Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонси мубориза бо коррупсия дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки Исматулло Абдуллозода ва ҳамкорони собиқаш, дар маҷмуъ 22 кас, беш аз як миллиард сомонии Фурудгоҳи Душанберо "тавассути ширкатҳои якрӯза, нақдикунонӣ ва бо баҳонаи харид ва таъмини молу маводи зарурӣ" аз худ кардаанд. Мавқеи худаш, вакили мудофеъ ва наздиконаш маълум нест.

Исматулло Абдуллозода

Ғайрат Мирзо, корбаре дар Фейсбук изҳори тааҷҷуб кардааст, ки "наход ин қадар сол ягон кас кори инҳоро мушаххас накарда бошад? Ё ин ки ӯ то имрӯз дахлнопазирӣ дошт?"

Суоли ба ҳамин монандро Ширин Бекзода гузоштааст: "Аудитурҳо чиро ҳисоб мекарданд? Палатаи ҳисоб дар тайи чанд сол чӣ кор кардааст, ки як муассисаи давлатӣ ин қадар пули давлатро ғорат кардааст?"

Корбари дигаре бовар дорад, ки "суиистифода аз мансаб + дуздии амволи мардум (буҷа) = хиёнат ба боварии миллӣ. На ҳар касе, ки душмани хориҷист, хоин аст. Баъзеҳо дар курсӣ менишинанду миллатро ором-ором мекушанд."

Шахсе бо насаби Бадалов бар ин назар аст, ки "ин натиҷаи "тағабозӣ" ва таъйини шахсони тасодуфӣ ба вазифаҳои калидии давлатист. Вой бар ҳоли давлату миллати азияткашидаю саргардон. О, баъзе мансабдорони номуҳтарам, бас будагист. То кай бесарусомониҳо ва таъсири манфӣ расондану халалдор кардани сохтори давлату давлатдорӣ?"

Исматулло Абдуллозода рӯзи 2-юми майи имсол аз мақомаш дар Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе барканор ва дастгир шуд. Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон навишт, ки ӯ ва муовинонаш "дар робита ба санҷиши молиявӣ ва ошкор шудани камбудҳои ҷиддӣ дар фаъолияташон аз вазифаҳо озод карда шуданд".

Абдуллозода аз соли 2016 раиси Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе буд. Ба ҷойи ӯ Зайнулло Шарифзода, аз хонаводаи Соҳибовҳо, ки бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пайванди хешутаборӣ доранд, раиси фурудгоҳ таъин шуд.