Роҳбарони Аврупо барои пуштибонӣ аз Зеленский ба Амрико мераванд

Владимир Зеленский дар миёни роҳбарони Аврупо ва Дабири кулли НАТО

Раҳбарони кишварҳои аврупоӣ озими Вашингтон шуданд ва ба Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина мепайванданд, ки зери фишори Доналд Трамп аст, то созиши сулҳро бо Русия ҳарчӣ зудтар бипазирад.

Фридрих Мертс, садри аъзами Олмон, Эммануел Макрон, раисҷумҳури Фаронса ва Кейр Стармер, нахуствазири Бритониё рӯзи якшанбе вохӯрданд, то ҳимояти худро аз мавзеъгирии Зеленский ҳамоҳанг кунанд.

Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса, гуфт, "ҳадафи ниҳоии мо нишон додани мавзеъгирии ягонаи аврупоиҳо ва украиниҳо дар ин лаҳзаи ҳалли муноқиша аст."

Ин кишварҳои ҳампаймон умедворанд, як замонати амниятии мустаҳкамеро барои Украина ба даст биёранд, ки Амрико ҳам дар он саҳм бигирад.

Пештар аз ин, дар рӯзи ҷумъаи 15-уми август, Доналд Трамп бо Владимир Путин дар Аляска вохӯрд. Ӯ баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, ки Украина бояд аз нимҷазираи Қрим даст кашад, ки Русия соли 2014 ишғол кард.

Баъзе аз манобеъ гуфтаанд, ки Трамп ва Путин даст кашидани Русия аз баъзе қаламравҳои хурди ишғолии Украинаро баррасӣ кардаанд. Дар иваз Украина бояд аз қаламравҳои васеъ дар шарқ даст кашад ва ҷанг дар ҷабҳаҳои дигарро қатъ кунад.

Русия панҷяки қаламрави Украинаро таҳти назорат дорад, аз ҷумла сеяки вилояти Донетскро, ки соли 2014 ба он ворид шуд.

Айни замон Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзи якшанбе гуфт, саъю талош барои идомаи гуфтугӯҳо идома дорад ва афзуд, ки ҳарду тараф бояд гузаштҳое кунанд. Ӯ ҳамчунин гуфт, агар Русияву Украина омода набошанд, Амрико сулҳро бо зӯр ба онҳо бор карда наметавонад.

Ҳампаймонҳои Зеленский сахт умедворанд, ки мулоқоти навбатӣ мисли дидори ӯ ва Трамп дар моҳи феврал намешавад. Дар он вақт Доналд Трамп ва муовинаш Ҷеймс Дейвид Ванс раисҷумҳури Украинаро дар мазҳари ом сахт танқид ва ба беэҳтиромӣ ва носипосӣ ба Амрико муттаҳам карданд.

Зеленский рӯзи якшанбе баъди суҳбат бо Урсула вон дер Лейен, раиси Кумисюни Аврупо гуфт, ҷабҳаҳои феълии ҷанг бояд асос барои гуфтугӯҳои сулҳ бошад. Раиси Кумисюни Аврупо ва раҳбарони Итолиёву Финландия низ ба Вашингтон сафар мекунанд.