Дар Русия мехоҳанд, фазои кориро барои муҳоҷирон, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон тангтар кунанд.
Вазорати меҳнати Русия аз мақомоти ин кишвар хостааст, ки дар соли 2026 саҳми коргарони хориҷиро дар нуҳ соҳа, аз ҷумла бинокорӣ поин биоранд. Тибқи пешниҳоди вазорат, саҳми муҳоҷирон дар бинокорӣ ба панҷоҳ дарсад маҳдуд хоҳад шуд. Ин рақам дар соли 2025 то ҳаштод дарсад мерасид.
Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯйи кору маоши муносиб ба Русия рафта, қисми асосии онҳо дар сохтмону бозор кор мекунанд.
Хабаргузории расмии "Интерфакс" рӯзи 15-уми август навишт, ки саҳми муҳоҷирони корӣ дар бахши сабзавоткорӣ, тиҷорати чӯбу тахта ва кор дар хоҷагии ҷангал на бештар аз чил дарсад пешбинӣ шудааст. Қаблан ин рақам то панҷоҳ дарсад буд.
Илова бар ин, пешниҳод шудааст, ки кори муҳоҷирон дар тиҷорати чаканаи шаробу тамоку маҳдуд ва саҳми онҳо дар ин бозор аз 15 дарсад то сифр поин оварда шавад.
Ин маҳдудиятҳо минтақаҳои Амуру Новосибирск, Оренбург, Самара, Твер, Челябинск ва гӯшаҳои дигари Русияро дар бар мегирад. Аз ҷумла, дар вилояти Амур кори муҳоҷирон истеҳсоли маводи хӯрокворӣ ва нӯшобаҳо, таъмири мошину таҷҳизот ва байторӣ пурра маҳдуд шудааст.
Дар ҳоле ки мақомоти Русия пешниҳоди охири худро тибқи қонун ва як роҳи ба танзим даровардани кори хориҷиён медонанд, бархе аз мунтақидон идомаи муҳоҷирситезӣ мепиндоранд. Раванде, ки дар якуним соли гузашта дар Русия авҷ гирифтааст.
Дар ним соли охир дар Русия зиёда аз 30 қонуни наве қабул шуд, ки маҳдудиятҳои зиёдеро барои муҳоҷирони корӣ ҷорӣ намуданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Пешниҳоди нав дар Русия дар бораи муҳоҷирони корӣ