Як тарҳи давлатии Украина рӯзи 18-уми август номи 628 зодаи Тоҷикистонро эълон кард, ки танҳо дар шаш моҳи аввали имсол бо артиши Русия қарордод бастаанд. Муаллифони "Зистан мехоҳам" бовар доранд, ки ин афрод асосан дар ҷанги Русия алайҳи Украина истифода мешаванд ва аксарият ба мисли "барраи қурбонӣ". Вокуниши ҷониби Тоҷикистон ба нашри номҳо маълум нест.
Муаллифон гуфтаанд, ки Русия беш аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистонро барои ҷангидан дар Украина ҷалб мекунад. "Дар ҳоле ки дар Узбекистон мавридҳои ба ҷавобгарӣ кашидани зархаридон дида мешавад, дар бораи боздошт ё ҳукми зархаридон дар Тоҷикистон чизе маълум нест," – гуфта шудааст дар гузориш.
Ду ҳафта пеш додситони кулли Тоҷикистон гуфт, ки дар бештар аз се соли охир касеро барои иштирок дар ҷанги Украина ҷазо надодаанд. Ҳабибулло Воҳидзода далелашро ин гуна баён кард: "Баъзе аз онҳо душаҳрвандӣ доранд, шаҳрвандии Тоҷикистон ва шаҳрвандии Русия. Дар ҳоле ки шаҳрвандии ягон кишварро қабул мекунед, талабот ва ӯҳдадориҳои он давлатро бояд риоя кунед."
Ин дафъаи дувум аст, ки рӯйхати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷанги Украина нашр мешавад. Дар феҳрасти аввал, ки моҳи апрели имсол нашр гардид, сухан дар бораи 931 шаҳрванди Тоҷикистон мерафт, ки дар канори Русия ба зидди Украина ҷангидаанд ё меҷанганд ва камаш 196 нафари онҳо кушта шудаанд.
“Ҳоло мо рӯйхати 628 шаҳрванди Тоҷикистонро нашр мекунем, ки дар шаш моҳи соли 2025 бо нерӯҳои мусаллаҳи Русия шартнома бастаанд. Тавре мебинем, суръати ҷалби онҳо танҳо дар ҳоли афзудан аст,” – гуфтаанд муаллифони рӯйхат рӯзи 18-уми август.
Тарҳи давлатии “Зистан мехоҳам” дар Украина шеваҳои ҷалби шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро ба артиши Русия маъмулӣ донистааст. Яъне, нерӯҳои интизомӣ муҳоҷиронро дастгир ва дар идораи пулис ба имзои шартнома маҷбур мекунанд.
"Ба яке шаҳрвандии Русияро пешниҳод мекунанд, ба дигарон миллионҳо рубл ваъда медиҳанд. Саркашҳоро, то замоне ки қарордодро имзо накунанд, мезананд ё бо ҳукми зиндон таҳдид мекунанд," – гуфта шудааст дар гузориш.
Ба қавли муаллифон, Русия шаҳрвандони Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказиро "амалан ба куштан мефиристад. Ҳеч кас онҳоро сарбоз эътироф намекунад, ки бояд муҳофизат карда шаванд. Вазифаи онҳо муайян кардани ҷойи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва қабули зарба аст, аз ин рӯ, тааҷҷубовар нест, ки талафот дар байни онҳо фалокатбор аст."
Муаллифони тарҳ изҳори умед кардаанд, ки мақомоти тоҷик аз мардуми худ ёд карда, кӯшиш мекунанд, то онҳоро аз чанголи мошини низомии Русия халос кунанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, "таърих ва таҷриба нишон медиҳад: Русия то замоне ки ҷавоби рад нагирад, бознамеистад."
Аз оғози ҷанги бедалели Русия дар Украина то кунун даҳҳо мавриди ҷалб ва кушта шудани шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия расонаӣ гаштааст. Мақомот соли 2023 танҳо сад мавриди ҷалби маҳбусони тоҷикро аз зиндонҳои Русия ба ҷанг тасдиқ карда, дигар дар ин бора маълумоте надодаанд.