Як тарҳи давлатии Украина номи 628 зодаи Тоҷикистонро эълон кард, ки танҳо дар шаш моҳи аввали имсол бо артиши Русия қарордод бастаанд. Муаллифони “Зистан мехоҳам” бовар доранд, ки ин афрод асосан дар ҷанги Русия алайҳи Украина истифода мешаванд ва аксарият ба мисли “барраи қурбонӣ”.
Намояндагони идораи гумрук дар вилояти Суғд сарусадо дар бораи боздошту ҷарима шудани даҳҳо нақлиёти гаронарзишро шарҳ доданд. Аз он пеш бисёре аз корбарони Радиои Озодӣ аз ҳабси худравҳояшон дар таваққуфгоҳҳои ҷаримавӣ шикоят доштанд.
Мухолифони ҳукумати Тоҷикистонро, ки дар хориҷ фаъоланд ва ҳадафи расидан ба қудратро доранд, дар дохили кишвар ҷузъе аз низоми сиёсӣ намедонанд.
Як донишманди тоҷик гуфтааст, ки муҳоҷирати кории зиёди ҷавонон метавонад сабаби пиршавии аҳолӣ дар Тоҷикистон шавад, ки ҳоло ҷавонтарин аҳолиро дар минтақа дорад. Фирдавс Ҳаитов, устоди Донишгоҳи миллӣ, дар таҳлиле навиштааст, “муҳоҷират метавонад, сатҳи ҷавонии аҳолиро паст кунад.”
Додситонии минтақаи Кӯлоб дар ним сол наздик ба 300 қарори раисони шаҳру ноҳияро дар бораи тақсими замин бекор кардааст, чун ҳамаи онҳоро “нодуруст” меҳисобад. Ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 71 маврид бештар аст.
Додситони вилояти Суғд дар охири ҳафтаи гузашта ба рӯзноманигорон гуфт, ки бо гузашти якуним моҳ аз марги ду сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов рози ҷиноят ҳанӯз маълум нашудааст.
Онҳое, ки соли 2010 маҷбурӣ ё довталабона саҳмияҳои “Роғун”-ро харида буданд, ҳанӯз умед доранд, ки рӯзе аз даромади ин нерӯгоҳ барояшон фоидае хоҳад расид. Ба назар мерасад, чунин рӯз чандон наздик ҳам нест.
Ҳашт созмони байнулмилалӣ, аз ҷумла Созмони ҷаҳонии зидди шиканҷа ва Ҳамкорӣ барои ҳуқуқи башар марги чаҳор зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро дар зиндонҳои Тоҷикистон маҳкум карда, ҳамзамон аз мақомот хостаанд, ки таъқибу саркӯби помириҳоро бас кунанд.
Фарзонаи Эмомалӣ, духтари 27-солаи президент Эмомалӣ Раҳмон, дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мансаб гирифтааст.
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, даҳҳо “майнинг-ферма”-ро ошкор кардаанд, ки “ғайриқонунӣ ба тавлиди асъори рақамӣ (криптовалюта) машғул буданд”. Ба иттилои Ҳабибулло Волҳидзода, соҳибони ин дастгоҳҳои пулсозии рақамӣ ба миқдори қариб 39 миллион сомонӣ барқро пинҳонӣ истифода бурдаанд.
Ёфтҳои бештар