Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Вакил надошт." Як сокини дигари Язгуломро 12 сол зиндонӣ кардаанд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Додгоҳе дар шаҳри Душанбе Мирзомурод Алиев, сокини ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷро ба 12 сол зиндон маҳкум кардааст.

Масъулони додгоҳ ҳукмро шарҳ надодаанд. Манобеи огоҳи Радиои Озодӣ рӯзи 19-уми август гуфтанд, ки “ӯ ба тундгароӣ ва пайравӣ аз гурӯҳи “Ансоруллоҳ” гунаҳкор дониста шуд”.

Мавқеи худашу наздикон маълум нест. Фаъолияти созмони “Ансоруллоҳ”, ки бовар меравад, аксар тарафдоронаш дар ҳудуди Афғонистон қарор доранд, дар Тоҷикистон мамнуъ ва террористӣ аст.

Як манбаи огоҳ аз қазия рӯзи 19-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми Мирзомурод Алиев дар аввали моҳи август содир шудааст. Ҳамсуҳбати мо афзуд: “Ӯ вакили мудофеъ надошт. Ва бо ҷурме, ки чанд сокини дигари деҳаи Жамаки Язгулом айбдор шуда буданд, маҳкум гардид. Ҳануз оиладор нашуда буд.”

Ба нақли мусоҳиби мо, Мирзомурод Алиев соле пеш, пас аз боздошти гурӯҳе аз сокинони Язгулом, аз Маскав ба Беларус ва аз онҷо ба Лаҳистону Олмон рафта, дар шаҳри Дортмунд мезист. Мақомоти Олмон ӯро рӯзи 4-уми июни имсол бо далели он ки таҳти пайгард қарор дорад, аз ин кишвар берун карданд. Вай дар Душанбе боздошт шуд.

Дар як соли охир даҳҳо зодаи Язгулом дастгир ва зиндонӣ карда шуданд. Додгоҳи ноҳияи Исмоли Сомонии пойтахт моҳи июли имсол Обид Қувватбеков, бародарзодаи Мавлавӣ Абдуллобек, рӯҳонии маъруф дар Язгуломро панҷ сол аз озодӣ маҳрум кард.

Аз он пеш, дар моҳи март, Додгоҳи олии Тоҷикистон 31 нафарро аз ҷамоати Язгуломи ноҳияи Ванҷ аз 2 то 23 сол зиндонӣ намуд. Он замон манобеи Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки маҳкумшудаҳо сокинони деҳаи Жамак, Андарбак ва Будун ҳастанд ва “барои омодагӣ ба харобкорӣ” ва узвият дар гурӯҳи “Ансоруллоҳ” гунаҳкор дониста шудаанд.

Язгулом, ҷамоате дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст, ки дар сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст. Мақомот пештар гуфта буданд, ки даҳҳо сокини ин ҷамоат ба гурӯҳҳои тундрав дар хориҷ аз кишвар пайвастаанд. Вале баъзе аз сокинони ҷамоат чунин тасвирро воқеӣ намедонанд.

Ҷамоати “Ансоруллоҳ”-ро, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъст, Амриддин Табаров, фармондеҳи нерӯҳои пешини мухолифини тоҷик, таъсис додааст. Ӯ созишномаи сулҳ миёни ҳукумат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолифинро дар соли 1997 напазируфт ва ба Афғонистон рафт. Нуҳ сол пеш хабари маргаш расонаӣ шуд. Мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки ҷангҷӯёни ин гурӯҳи мамнуъ дар хоки Афғонистон аз 200 то 300 нафаранд. Омори нави эҳтимолӣ дар бораи онҳо дар даст нест. “Толибон” соли 2021, баъд аз гирифтани ҳукумат дар Афғонистон, назорати бахше аз сарҳади Тоҷикистонро ба ихтиёри ин гурӯҳ дод. Он замон аксу видеои раҳбари ҳаракат Муҳаммад Шарифов ё Маҳдӣ Арсалон ва ҷангҷӯёни дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Мақомоти Тоҷикистон дар соли 2023 ва 2024 борҳо хабар доданд, ки аз чанд талоши ин гурӯҳ барои анҷоми амалиёти террористӣ дар хоки Тоҷикистон пешгирӣ карданд. Ба гуфтаи наздикон ва дӯстонаш, Маҳдӣ Арсалон аз аввали соли 2024 дар Афғонистон нопадид шудааст.

XS
SM
MD
LG