Дар чанд ҷумла
Фаъоли зиндонии тоҷикро “карантин” кардаанд

Маҳмурод Одинаев, муовини маҳкумшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро дар шифохонаи зиндони шаҳри Ваҳдат “карантин” кардаанд, то беморияш ба дигарон нагузарад.
Пайвандонаш рӯзи 29-уми март ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ӯ бемори зардпарвин ё варами ҷигар аст.
Ҳабибулло Ризоев, писари Маҳмурод Одинаев, гуфт, “то поёни карантин чанд рӯзи дигар мондааст. Масъулони маҳбас тасмим гирифтанд, барои муолиҷаи фишори хуну бемории дилаш дар шифохона нигоҳ доранд. Барояш дору медиҳанд."
Ба нақли наздиконаш, пойҳои фаъоли зиндонии сиёсӣ аз кор монда, "аз фишори хун, бемории дилу дарди пешобдон (аденома) низ азият мекашад".
Зубайда Ҳакимова, ҳамсари Маҳмурод Одинаев, ки дар аввали моҳи феврали имсол шавҳарашро дида буд, гуфт, "ҳеч беҳбудӣ дар саломатии ӯ дида намешуд. Ду сол пеш, вақте аз ҳолаш хабар мегирифтам, роҳ гашта наметавонист ва аз бемори дилу фишор шикоят мекард. То ҳол беҳбудӣ нест."
Маҳмурод Одинаевро ба гуноҳи “авбошӣ" ва "даъват ба сарнагунии ҳокимият” дар моҳи январи соли 2021-ум 14 сол зиндонӣ карданд.
Қазияи боздошт ва ҳукми зиндони Маҳмурод Одинаев аз ҷалби маҷбурии писараш ба сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар тирамоҳи соли 2020 сар шуд.
Наздиконаш мегӯянд, ӯ дар назди комиссариати ҳарбии шаҳри Ҳисор эътироз ва намояндагони давлатро танқид карду "мақомот аз ӯ қасос гирифтанд".
Созмонҳои байнулмилалӣ Тоҷикистонро барои боздошту зиндонӣ кардани Маҳмурод Одинаев сахт танқид карда, озодии ӯро хостанд.
Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон Маҳмурод Одинаевро аз ҷумлаи 200 “маҳбуси сиёсӣ”-и тоҷик ном мебарад. Мақомот будани маҳбусони сиёсиро дар зиндонҳои кишвар инкор мекунанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Раҳмон гуфтугӯи Путин ва Трампро дар Аляска "муҳим" хондааст

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, кишвараш “аз раванди мусолиматомези ҳалли буҳрони Украина ҷонибдорӣ мекунад”.
Изҳори назари Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18-уми август дар ҷараёни суҳбати телефониаш бо Владимир Путин, президенти Русия, садо додааст.
Ба навиштаи дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, Раҳмон гуфтугӯи ахири роҳбарони Амрико ва Русияро дар Аляска “барои коҳиши сатҳи ташаннуҷ ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ дар арсаи байнулмилалӣ” муҳим хондааст.
Президенти Русия пеш аз гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, бо роҳбарони Беларус, Африқои Ҷанубӣ ва сарварони чанд кишвари дигар занг зада, натиҷаҳои музокиротро дар Аляска бо онҳо дар миён гузоштааст.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва ҳамтои русаш Владимир Путин 15-уми август дар Аляска вохӯрданд ва дар бораи роҳҳои хатми ҷанг дар Украина гап заданд. Аммо дар ин нишаст тавофуқ дар мавриди Украина ҳосил нашуд.
Зарбаҳои Русия ба гӯшаҳои Украина пеш аз дидори Зеленский ва Трамп

Дар ҳамлаи нерӯҳои Русия ба шаҳри Харкови Украина ҳафт кас кушта, дастикам бист нафар маҷруҳ шудаанд.
Иҳор Терехов, шаҳрдори Харков, рӯзи 18-уми август бо эълони рӯзи мотам гуфт, “дар миёни кушташудагон як духтари якунимсола ва як писари 16-сола ҳастанд.”
Яке аз маҷрӯҳон ҳамагӣ шаш сол доштааст.
Анна, сокини шаҳри Харков, ба бахши украинии Радиои Озодӣ гуфт, “садои таркишро шунидам ва ҳама чиз ба болоям афтод. Тирезаҳо канда шуда, ба болои фарзандам афтоданд."
Ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия ба вилояти Одессаи Украина низ зарба задаанд, аммо дар бораи талафоти ҷонӣ гузорише нест.
Дар ҳамла ба шаҳри Запорожйе дастикам се кас кушта шудаанд.
Дар Русия фазои кориро барои муҳоҷирон тангтар мекунанд

Дар Русия мехоҳанд, фазои кориро барои муҳоҷирон, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон тангтар кунанд.
Вазорати меҳнати Русия аз мақомоти ин кишвар хостааст, ки дар соли 2026 саҳми коргарони хориҷиро дар нуҳ соҳа, аз ҷумла бинокорӣ поин биоранд. Тибқи пешниҳоди вазорат, саҳми муҳоҷирон дар бинокорӣ ба панҷоҳ дарсад маҳдуд хоҳад шуд. Ин рақам дар соли 2025 то ҳаштод дарсад мерасид.
Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷустуҷӯйи кору маоши муносиб ба Русия рафта, қисми асосии онҳо дар сохтмону бозор кор мекунанд.
Хабаргузории расмии "Интерфакс" рӯзи 15-уми август навишт, ки саҳми муҳоҷирони корӣ дар бахши сабзавоткорӣ, тиҷорати чӯбу тахта ва кор дар хоҷагии ҷангал на бештар аз чил дарсад пешбинӣ шудааст. Қаблан ин рақам то панҷоҳ дарсад буд.
Илова бар ин, пешниҳод шудааст, ки кори муҳоҷирон дар тиҷорати чаканаи шаробу тамоку маҳдуд ва саҳми онҳо дар ин бозор аз 15 дарсад то сифр поин оварда шавад.
Ин маҳдудиятҳо минтақаҳои Амуру Новосибирск, Оренбург, Самара, Твер, Челябинск ва гӯшаҳои дигари Русияро дар бар мегирад. Аз ҷумла, дар вилояти Амур кори муҳоҷирон истеҳсоли маводи хӯрокворӣ ва нӯшобаҳо, таъмири мошину таҷҳизот ва байторӣ пурра маҳдуд шудааст.
Дар ҳоле ки мақомоти Русия пешниҳоди охири худро тибқи қонун ва як роҳи ба танзим даровардани кори хориҷиён медонанд, бархе аз мунтақидон идомаи муҳоҷирситезӣ мепиндоранд. Раванде, ки дар якуним соли гузашта дар Русия авҷ гирифтааст.
Дар ним соли охир дар Русия зиёда аз 30 қонуни наве қабул шуд, ки маҳдудиятҳои зиёдеро барои муҳоҷирони корӣ ҷорӣ намуданд.
Теъдоди кушташудагон дар таркиш дар як корхонаи Русия ба 14 кас расид

Теъдоди кушташудагон дар натиҷаи таркиш дар як корхонаи истеҳсоли борут дар Русия ба 14 нафар расидааст.
Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия рӯзи 18-уми август гуфт, ки дар маҳалли фалокат амалиёти наҷот ва бартарафсозии оқибатҳои он идома дорад.
Рӯзи 15-уми август дар корхонаи истеҳсоли борут бо номи “Эластик” дар вилояти Рязан таркиш шуд ва аввал гуфта мешуд, ки 11 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Дар умум дар натиҷаи таркиш 149 нафар осеб дидаанд.
Сабаби ҳодиса ба гуфтаи мақомот, зоҳиран, риоя накардани қоидаҳои амниятӣ ҳангоми кор бо моддаҳои хатарноки тарканда будааст.
Кумитаи тафтишоти Русия дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
ТАСС: Яке аз гумонбарони парвандаи "Крокус" дар Тоҷикистон ғоратгарӣ карда буд

Умедҷон Солиев, яке аз гумонбарон дар парвандаи ҳамла ба "Крокус" қаблан дар Тоҷикистон ғоратгарӣ карда ва барои ҳамин дар Русия пинҳон шуда буд. Дар ин бора хабаргузории русии ТАСС бо такя ба маводҳои парванда хабар додааст.
Дар ҳоле, ки назари наздикони Умедҷон Солиев ба қазия маълум нест, ТАСС навиштааст ин ҷавон ҳанӯз соли 2023 дар Тоҷикистон даст ба ғоратгарӣ зада, баъдан ба Русия фирор кардааст. Радиои Озодӣ мустақилона ин маълумотро тасдиқ карда наметавонад.
Мақомоти Тоҷикистон дар бораи парванда нисбати Солиев чизе нагуфтаанд.
Умедҷон Солиев ҳамроҳ бо чор нафари дигар охири моҳи марти соли 2024 дар Ҷумҳурии Доғистони Русия боздошт шуданд. Мақомоти Русия ин афродро муттаҳам карданд, ки ба ҳамлагарон ба толори “Крокус” яроқ додаанд. Назари вакили дифои ин афрод ё наздиконаш ба иттиҳом маълум нашуд.
Аз 19 нафаре, ки дар доираи парвандаи ҳамла ба "Крокус" боздошт шудаанд, аксарашон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Мурофиаи ин афрод рӯзи 4-уми август дар яке аз додгоҳҳои шаҳри Маскав оғоз шуд. Дар ин миён даъватҳое садо дод, ки намояндагони Тоҷикистон бояд аз шаҳрвандони худ ҳимоят кунанд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, намояндагони кишвар дар мурофиаи гумонбарони ҳамла ба "Крокус" ширкат надоранд.
Ба дарё афтидани мошини боркаш дар роҳи Душанбе-Хуҷанд

Шоми 17-уми август як мошини боркаш дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ба дарё афтид ва ягона масир ба шимоли кишвар қариб ду соат баста шуд. Ҳодиса дар деҳаи Петеи ноҳияи Айнӣ рух додааст.
Ба гуфтаи шоҳидон, ду нафар дар дохили мошини боркаш буданд ва онҳоро то ҳол пайдо накардаанд.
Мақомот ҳодисаро шарҳ надодаанд.
Дар гузашта ҳам чандин маротиба мошинҳо дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ба ҷарӣ ва дарё афтиданд. Ин масир ягона роҳи пулакӣ дар Тоҷикистон буда, нигоҳдории он ба зиммаи ширкати IRS аст. Ин ширкат барои кораш аз соҳибони мошинҳо маблағ мегирад. Молики IRS маълум нест.
Аксҳо аз ҷойи ҳодиса:
Ҳамсари Трамп дар номааш ба Путин чӣ навишт?

Телевизиони Fox News номаи Мелания Трамп, ҳамсари раиси ҷумҳури Амрикоро ба Владимир Путин нашр кард. Ин мактубро Доналд Трамп дар Аляска ба Путин дод.
Гузориш шудааст, ки Владимир Путин номаро дар ҳузури ҳайатҳои Русия ва Амрико боз карда хондааст.
Мелания Трамп дар ин нома навиштааст, "дар ҷаҳони муосир баъзе аз кӯдакон маҷбур мешаванд, ки хандаҳои ороми худро дар даруни худ бибанданд - як эътирози хомӯш бар зидди қувваҳое, ки онҳоро аз ояндаашон маҳрум месозад."
"Ҷаноби Путин шумо танҳо метавонед дар танҳоӣ ин хандаи онҳоро баргардонед. Бо ҳифзи ин кӯдакон шумо на танҳо ба Русия, балки ба башарият хидмате хоҳед кард. Чунин чизе фаротар аз тамоми тавофуқҳои инсонӣ аст ва шумо ҷаноби Путин метавонед имрӯз бо як ҳаракати қалам онро ба воқеият табдил диҳед. Замони он фаро расидааст," – навиштааст бонуи аввали Амрико.
Исроил сокинони Ғаззаро ба ҷануби ин борика мекӯчонад

Исроил ба фаластиниёни сокини Ғазза дастур додааст, ки ба ҷануби ин борика кӯч банданд. Ин тасмим рӯзи шанбеи 16-уми август ва пас он эълон шуд, ки Исроил аз густариши амалиёти низомӣ дар Ғазза хабар дод.
Ба гузориши артиши Исроил, кӯчондани хаймаҳои сокинон ба ҷануби Ғазза аз рӯзи якшанбеи 17-уми август оғоз мешавад.
Ҷузъиёти бештаре аз ин тарҳ ва амалиёти Исроил мушаххас нест. Исроил Катс, вазири дифои Исроил гуфт, кишвараш "дар ҳоли ниҳоӣ кардани тарҳи шикасти "Ҳамос" дар Ғазза аст."
"Ҳамос", ки аз сӯи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ба унвони гуруҳи террористӣ шинохта мешавад, наздик ба ду сол аст, ки дар Ғазза бо артиши Исроил даргир аст. Бо вуҷуди мухолифати Созмони милал ва бисёр кишварҳо ба густариши амалиёти Исроил ҳукумати ин кишвар тарҳи тасарруфи пурраи Навори Ғаззаро тасвиб кардааст.
Дар Тоҷикистон барои рафтан ба назди фолбин ҷазо таъйин мешавад

Ҳукумати Тоҷикистон ба порлумон пешниҳод кардааст, ки барои рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо ва истифода аз кори онҳо ҷазо таъйин карда шавад. Радиои Озодӣ 17-уми август бо муҳтавои пешниҳоди ҳукумат шинос шуд.
Бар асоси ин санад, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон банди нав бо номи "истифодабарӣ аз хизматрасонии сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин" илова карда мешавад.
Дар сурати қабул шудани ин тағйирот аз сӯи порлумон, онҳое, ки ба наздик сеҳрдон, ҷодугар ва фолбин мераванд аз 5 то 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима мешаванд. Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо имсол 75 сомонӣ таъйин шудааст ва ҳар сол метавонад тағйир ёбад.
Мақомоти Тоҷикистон борҳо ба сокинон ҳушдор додаанд, ки аз рафтан ба назди фолбин ва ҷодугарҳо худдорӣ кунанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли гузашта хабар дода буд, ки мизоҷони фолбинҳо ба шуъбаҳои ВКД даъват шуда, номашон дар махзанҳои алоҳида бо расмҳояшон гузошта мешавад.
Соли 2024 дар Тоҷикистон барои фолбинӣ ва соҳирӣ ҷазо таъйин шуда буд. Бино ба тағйирот ба моддаи 482-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон, барои машғул шудан ба фолбинӣ ва ҷодугарӣ нисбат ба шахсони воқеӣ ҷарима ба андозаи аз 80 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати аз 10 то 15 шабонарӯз таъин карда мешавад.
Ҳамчунин, дар сурати такроран содир кардани ин кирдорҳо давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ, нисбат ба фолбинҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда мешавад. Онҳоро ҷарима ба андозаи аз ҳазору 500 то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати аз як то ду сол таҳдид мекунад.
Мақомоти Тоҷикистон давоми як соли ахир маъракаи мубориза бо фолбинон ва ҷодугаронро оғоз кардаанд. Вале пайвандони бархе аз ин боздоштшудаҳо гуфтанд, хешовандони онҳо ҷодугар ё фолбин набуданд, балки танҳо дуохонӣ мекарданд.
Тибқи иттилои ахири Вазорати корҳои дохилӣ, дар нимаи аввали соли равон "495 ҳолати машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ" сабт шудааст. Раёсати корҳои дохилии Душанбе мегӯяд, имсол танҳо дар пойтахти кишвар 90 кас барои фолбинӣ ва ҷодугарӣ ҷазо гирифтанд.
Трамп ба Украина кафолати амниятӣ пешниҳод мекунад

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Украина пешниҳод кардааст, ки дар сурати созиши сулҳ бо Русия аз рӯи банди 5-и асоснономаи НАТО ба Киев кафолати амниятӣ дода мешавад. Бар асоси ин банди асоснома, дар сурати ҳамла ба Украина кишварҳои кафолатдиҳанда ба таҷовузгар бояд посухи низомӣ диҳанд.
Хабари пешниҳоди кафолати амниятӣ ба Украинаро нашрияи The Telegraph ва чанд расонаи амрикоӣ нашр карданд. Ин маълумотро Ҷорҷ Мелонӣ, нахуствазири Италия ҳам баъди суҳбат бо Доналд Трамп тасдиқ кард.
Ба гузориши The Telegraph, Украина чунин кафолати амниятиро на танҳо аз Амрико, балки аз кишварҳои аврупоӣ низ дарёфт хоҳад кард. Гуфта мешавад Маскав ба ин пешниҳод зид нест.
Маҷаллаи Foreign Affairs ҳам гузориш додааст, ки соли 2022 ҳайатҳои Русия ва Украина масъалаи додани кафолати амниятӣ ба Киевро баррасӣ карда буданд. Бар асоси пешнависи тавофуқ, ба рӯйхати кишварҳои кафолатдиҳанда бояд Амрико, Русия, Британияи Кабир, Фаронса ва Чин шомил мешуданд. Украина хост Туркия ба ин рӯйхат илова шавад, аммо Маскав кишвари Белорусро пешниҳод кард,
Киев мегӯяд, Русия бо 85 паҳбод ба Украина ҳамла кардааст

Нерӯҳои ҳавоии Украина рӯзи 16 август эълон карданд, ки Русия 85 паҳбод ва як мушаки баллистикиро ба тарафи ин кишвар партоб кардааст.
Нерӯҳои ҳавоии Украина дар "Телеграм"-и худ эълон кард, ки хати пеши ҷанг дар минтақаҳои Суми, Донетск, Чернигов ва Днепропетровск дар ҳамлаҳои шабонаи ҳадаф қарор гирифтанд.
Манбаъ афзуд, ки системаи зиддиҳавоии Украина 61 паҳбодро раҳгирӣ ва аз байн бурданд.
Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар гузориши рӯзонаи субҳгоҳии худ эълон кард, ки рӯзи ҷумъа дар хати пеши ҷанг 139 даргирӣ рух додааст.
Ҳамлаи Украина ба як киштии ҳомили паҳбодҳои эронӣ дар Астрахан

Артиши Украина мегӯяд, дар ҳамлаи рӯзи панҷшанбе дар бандари баҳрии Оля дар вилояти Астрахан, як киштиро, ки лавозимоти ҷангӣ ва ҷузъҳои ҳавопаймоҳои бесарнишинро аз Эрон ба Русия интиқол медод, ҳадаф қарор дод.
Артиши Украина рӯзи 15 август дар баёнияе бо эълони ин хабар афзуд, Русия аз ин бандар ҳамчун як маркази боркашонии муҳим барои таъмини колоҳои низомӣ аз Эрон истифода мекунад.
Каналҳои телеграмии Украина аксҳоеро нашр карданд ва иддао доранд, ки ин киштии харобшуда аст. Дар аксҳо, дида мешавад, ки киштӣ қисман ғарқ шудааст.
Игор Бабушкин, ҳокими вилояти Астрахан ҳамлаи бесарнишинҳо ба бандари Оляро дар дарёи Волга тасдиқ кард. Ба гуфтаи вай, паҳбодҳо раҳгирӣ ва сарнагун шуданд, аммо дар бандар "киштӣ аз боқимондаҳои паҳбод осеб дид".
Вазорати дифои Русия дар мавриди ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Астрахан изҳори назар накардааст.
Наздик ба 200 тан дар селобҳои Покистон ҷон бохтанд

Мақомот дар Покистон эълон карданд, ки бар асари туғёни дарёҳо ва ҷорӣ шудани селоб, наздик ба 200 нафар дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ, ҷон бохтанд.
Ба гуфтаи мақомоти маҳаллӣ, бориши сахт, селҳои ногаҳонӣ, раъду барқ ва фурӯ рехтани хонаҳо, боиси маргу мир дар теппаҳо ва кӯҳҳои вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ шудааст.
Идораи ҳолатҳои фавқулоддаи Покистон дар соатҳои охири рӯзи ҷумъа шумори қурбониёнро 194 эълон кард.
Шаҳоб Алишоҳ, раиси вилояти Хайбар-Пахтунхоҳ ба хабаргузории "Рейтерз" гуфт, ки аз селобҳо аз ҳама бештар мардум дар минтақаи Бунер осеб диданд. Дар ин минтақа 100 кс ба ҳалокат расидааст.
Ба гузориши "Рейтерз" як чархболе, ки барои осебдидагон аз сел дар минтақаи Баҷаур кӯмак мебурд, бинобар обу ҳавои номусоид суқут кард ва панҷ сарнишини он ҷон бохтанд.
Мақомоти имдодрасон ва наҷот эълон карданд, ки дар минтақаи Свот, пас аз туғёни дарёҳо, беш аз 2 ҳазор нафар ба минтақаҳои амнтар интиқол дода шуданд.
Дафтари Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон эълон кард, ки ӯ барои баррасии вазъ, нишасти изтирорӣ баргузор кардааст.
Дар ҳафтаҳои гузашта садҳо нафар дар ин кишвар дар пайи боронҳои мавсимӣ, ҷон бохтанд.
Талаби коршиносони СММ дар солрӯзи ба қудрат баргаштани “Толибон”

Рӯзи 15-уми август аз бозгашти гурӯҳи “Толибон” ба қудрат дар Афғонистон чаҳор сол гузашт.
Дар ин рӯз коршиносони Созмони Милали Муттаҳид аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостаанд, ки “ҳукумати хушунатомез ва худкомаи “Толибон”-ро ба расмият напазиранд.
Онҳо афзудаанд, дар чаҳор соли ҳукуматдории “Толибон”, “афғонҳо, бавижа занону духтарон бо ҳамлаи пайваста ва рӯзафзун ба ҳуқуқ ва озодиҳои бунёдии худ рӯбарӯ будаанд".
“Толибон” бидуни доштани машрӯият як низоми табъизомезро ба роҳ мондаанд, ки метавон онро далели ҷиноят алайҳи башарият ва озору азияти ҷинсӣ номид,” – гуфта шудааст дар баёния.
Дар ҳамин ҳол, шуморе аз духтарони афғон, ки ба далели маҳдудиятҳои “Толибон” аз таҳсил маҳрум шудаанд, гуфтанд, сукут ва бетаваҷҷуҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин гурӯҳ қудрати бештар медиҳад.
Яке аз онҳо, ки нахост номаш фош шавад, ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфт: “Фикр мекунам, сукут ва бетаваҷҷуҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ имкон дод, ки “Толибон” қудрати бештар ба даст оранд ва фишорро ба мардум афзоиш диҳанд. Пуштибонии байнулмилалӣ бояд воқеӣ, пайваста ва ҳамроҳ бо фишор бошад, то ислоҳ сурат бигирад.”
Путин дар Магадан, пеш аз сафар ба Аляска

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, барои дидору гуфтугӯ бо президенти Амрико Доналд Трамп роҳии аёлати Аляска шудааст. Ҳадафи мулоқот ҳалли эҳтимолии ҷанги Русия ба зидди Украина дар бештар аз се соли охир аст.
Ин мулоқот бе намояндагони Украина рӯзи 15-уми август дар як пойгоҳи ҳавоӣ дар наздики Анкориҷ баргузор хоҳад шуд.
Раҳбарони аврупоӣ низ аз ширкат дар мулоқот бебаҳра мондаанд. Онҳо аз созиши эҳтимолӣ, ки мумкин аст Украинаро дар ҳолати заифтар бигузорад ва ё тавоноии Аврупоро барои пуштибонӣ аз Украина ва муқобила бо таҳдидҳои Русия халалдор бикунад, асабӣ ҳастанд.
Мулоқоти Трамп ва Путин дар хоки Иёлоти Муттаҳида, бавижа дар қаламраве, ки пештар зери назорати Русия буд, барои русҳо рамзӣ ва пирӯзии кӯчак ба шумор меравад.
Дар айни замон барои бисёриҳо музокироти мустақими Маскаву Вашингтон бе ҳузури Украина нишасти соли 1945 дар Ялтаро ба ёд меорад. Ҷое, ки Иттиҳоди Шӯравӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Бритониё Аврупои пас аз Ҷанги Дувуми Ҷаҳониро тақсим карданд.
Гуфтугӯ